15 октябри соли 2023 зимни сафари корӣ ба Умон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба умури сиёсӣ Шайх Халифа бин Алӣ бин Исо ал-Ҳорисӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.