РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз Парки табиӣ-таърихии Ширкент дидан намуданд

14 октябри соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи зебоманзари Ширкент ба муносибати таҷлили 30-солагии таъсисёбии Парки табиӣ-таърихии Ширкент чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳонамояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ташриф оварданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар назди меҳмонон сухани ифтитоҳӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи манотиқи табиӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Зикр гардид, ки Парки табиӣ – таърихии «Ширкент» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1993 №462 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории генафонди беҳамтои олами ҳайвоноту наботот, инчунин нигоҳ доштани изҳои динозавр ва рушди сайёҳии экологӣ дар майдони 3000 га. ташкил карда шудааст.

Барои меҳмонони воломақом барномаи пурмазмун ва намоишгоҳ ташкил карда шуда, дар кори чорабинӣ имкониятҳои сайёҳии фарҳангӣ, куҳнавардӣ ва экологии шаҳри Турсунзода ба хусус дараи Ширкент ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳо аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бори нахуст набуда, бештар аз ин корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба мамнуъгоҳи биосферии Ромит ва мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» даъват шуда буданд.

Чунин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки ба меҳмонони кишвар табиати нотакрори ватанамон ва иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии экологӣ боз ҳам бештар муаррифӣ карда шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram