РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бомбаборони беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластиниро маҳкум менамояд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бомбаборони беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластиниро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум менамояд.

Иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.  

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба пайвандони кушташудагон ва таманнои шифои комил ба захмиён, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram