РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Аз таърихи кинои тоҷик”. Зери чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид

Дар доираи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” рӯзи 19.10.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” зери унвони “Аз таърихи кинои тоҷик” намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.


Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки аксу мусаввараҳои дар намоиш пешниҳодшуда фарогири асри XX буда, инъикосгари як бахши муҳими таърихи кинои тоҷик мебошанд. Зеро, кинои тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардумро инъикос намуда, фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихиро ба наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштааст.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ наздики 60 адад аксҳо бароварда шудаанд, ки ба воситаи онҳо раванди наворбардорӣ, лаҳзаҳои хотирмон ва таърихи 20 филми марбут ба ҳаёти мардуми тоҷик ба монанди “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”, “Зумрад”, “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Сиёвуш”, “Достони Рустам”, “Дӯстон аз нав вомехӯранд”, “Дохунда”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Вақти зангирии писар расид”, “Ҳикояҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки …”, “Бо амри дил”, “Як умр басанда нест”, “Ишқи аввалини Насриддин”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Шаби охирини Шаҳрзод” ва амсоли инҳо пешниҳоди тамошобинон шудаанд. Инчунин дар 4 адад мусаввараи калонҳаҷми дигар симоҳои коргардону ҳунармандон Борис Кимёгаров, София Тӯйбоева, Марям Исоева ва Гуландом Сафаралиева инъикос шудаанд.
Дар таърихи кинои тоҷик Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров ва Тоҳир Собиров аз зумраи коргардонҳои машҳуре мебошанд, ки сазовори эътирофи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани қатора шурӯъ намудаанд. Яъне, омадани аввалин қатораи мусофиркаш аз шаҳри Тирмиз ба шаҳри Душанбе дар таърихи 11 сентябри соли 1929 ва сабти видеоиву кино намудани он, оғози кинои тоҷик мебошад. Дар робита ба ин, ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.
Зимнан оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд буда, он нахустин кинорежиссёри миллӣ мебошад. Дар ин радиф, «Ҳуқуқи бошараф» аввалин филми таҳиякардаи Комил Ёрматов дар соли 1932 буда, филми «Муҳоҷир», ки соли 1934 зери коргардонии ӯ сабт гардидааст, барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик мебошад.
Бояд зикр намуд, ки кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш то андозае иҷро кардааст ва имрӯз ҳам ҳамин ҳадафҳо пеши он қарор доранд.
Ёддовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 то 19-уми октябри соли 2023 Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.
Намоиши “Аз таърихи кинои тоҷик” дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” то рӯзи 31.10.2023 идома менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram