РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии боғпарварии «Боғи Нодир» шинос гардиданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид ба амал оварданд.

Дар Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи замин, аз ҷумла нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос шуда, намоиши маҳсулоти кишоварзиро тамошо намуданд.

Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироати гуногун кишт  мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини бозорҳои ноҳия ва дигар истеъмолкунандагон бо маводи тару тоза ва босифати кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати содироти маҳсулот дар 50 гектар парвариши дарахтони зардолу, 4 гектар анор, 3 гектар бодом, 7 гектар олу, 6 гектар пиёз ва дар 8 гектар каду ба роҳ монда шудааст.

Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” серсоҳа буда, дар он ҳамчунин дар майдони 48 гектар пахта ва дар масоҳати 32 гектар  шолӣ кишт  шудааст.

Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва заминҳои корам, инчунин таҷрибаи бойи заминдорӣ хоҷагидорон дар майдони 1 гектар помидор ва дар 1 гектар зироати дигар кишт намуда, дар масоҳати умумии 0,2 гектар гармхона бунёд намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонию боғпарварии “Боғи Нодир” ба тарзи ташкили кор, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баҳои арзанда доданд.

Ҳамчунин ба хоҷагидорон ҷиҳати рушду равнақи соҳаи боғдорӣ ва зироаткорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram