РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

20-уми октябри соли 2023 байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи ба номи И.Олтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин бора аз онишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи ба номи И.Олтинсарин профессор Эржан Эмирбекули дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳадафи созишномаи мазкур фарогири рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фарогирии донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои фарогири манфиатҳои ҷонибҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 104 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram