РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Маркази ҷавононро ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Маркази ҷавонон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар ин бино барои фаъолияти ҷавонон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Фармоишгари иншооти нав Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Қудрати Данғара” мебошад. Корҳои сохтмонӣ соли 2021 шуруъ шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 сохтмончии маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардид.

Ҳамчунин дар дохили иншоот барои омӯзиши ҷавонон синфхонаҳои барҳавои замонавӣ барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ бо таҷҳизоти замонавӣ сохта шудаанд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо ҷавонон онҳоро ба илмомӯзӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Иншоот дорои толори мачлисгоҳ ва ҳуҷраҳои барҳаво буда, дар онҳо шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои миллӣ ва муосир оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни дигар зам менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram