РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Пагоҳ Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад

Пагоҳ, 24 октябр, соати 10:00 дар  Театри  давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз  мегардад. Дар ин аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок менамоянд.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Ғайр аз ин донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали «Чодари хаёл» ҳунарнамоӣ менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин фестивал театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд.

Дар ин фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоиши «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро ба намоиш мегузоранд.

Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram