РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи СММ дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор гардид

24 октябр бахшида ба Рӯзи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки ҳамасола 24 октябр дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” намоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар намоиш аксҳо оиди фаъолияти муштараки СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обу ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардида, тавассути намоишҳои амалии муассисаҳои СММ фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд. Инчунин дар ҳошияи намоиш ҷаласа ва бозиҳо тавассути саволу ҷавобҳо гузаронида шуданд.

СММ – созмони байналмилалӣ буда, 24.10.1945 барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо бунёд гардидааст. Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ, ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.

Маврид ба зикр мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-уюми марти соли 1992 узви СММ гардида, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон 17 маротиба дар ҷаласаҳои сатҳи баланди СММ иштирок ва суханронї намуда, бо пешнињодоти фарогири манфиатњои минтаќавӣ ва байналмилалӣ диќќати ањли ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли мушкилотҳо љалб намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки ҷонибдории 5 ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби аксарияти кишварҳои узви СММ боиси афзудани эътибори Тољикистон дар арсаи байналмилалї гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram