Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот оғоз гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.
Фестивал ба хотири Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот гузашта истодааст.
Дар фестивал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти вилоят, муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, муовини роҳбари намояндагии USAID Кевин Дин, директори Барномаи GIZ дар Тоҷикистон Вулф Хенрик Горетски, сарнамояндаи Дафтари JICA дар Тоҷикистон Имаи Суджи, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиеа, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳа дар Тоҷикистон (ADB) Родора Консепсион иштирок доранд.
Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки бо лоиҳаҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта ҳамкорӣ доранд, маҳсулотҳои истеҳсолии худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилотҳои хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасониҳои худро пешниҳод карданд.
Дар фестивал 841 нафар занону бонувон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.