РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода бо сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Родора Консепсион мулоқот кард

26 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, шахсан ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгириҳои пайвастаи соҳа изҳори сипос намуд.

Тавре зикр гардид, Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат аз ҷониби бонки мазкур пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ омодагии бонки мазкурро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ иброз намуд.

Дар охири мулоқот Родора Консепсион барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram