РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон узви Кумитаи доимии ТУТ аз минтақаҳои Аврупоӣ интихоб шуд

25 октябр дар шаҳри Останаи Қазоқистон Ҷаласаи 73-уми Кумитаи минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Раъно Раҳимова иштирок доштанд.

Яке аз масъалаҳои дар чорабинӣ баррасишаванда, интихоби аъзоёни Кумитаи доимии минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ буд.

Дар ҷаласа доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Юсуфӣ Саломуддин ба ҳайси аъзои Кумитаи доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз минтақаҳои Аврупоӣ интихоб шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram