РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд

25 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид иброз дошт, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Зимни суханронӣ раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дод.

Раиси вилоят гуфт, ки барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои хуб ва умедбахш фароҳам оварда шудааст.

Дар рафти суханронии худ Квон Донгcок, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон гуфтанд, ки барои қисмҳои эҳтиётии тайёраи офтобӣ лоиҳаи бузургеро амалӣ намоем, ки дар марҳилаи аввал то 3000 нафар ба ҷои кор таъмин мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram