РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар Душанбе идома дорад

27 октябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе, ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо намоишномаи «Маршмалло» ширкат карданд. Ин асари саҳнавӣ аз як ҳаёти шери ҷавон қисса мекард, ки дар ҷангал рӯзе бо шикорчӣ вомехӯрад ва силоҳи ӯро гирифта тирпаррониро меомӯзад. Ҳамин тавр ӯ тирандози моҳир шуда, шуҳрати беандоза пайдо мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Боиси тазаккур аст, ки «Маршмалло» дар муқоиса бо дигар асарҳои саҳнавӣ ғайриоддӣ ва мутафовит буда, дар ин намоишнома як ҳунарманд тавонист бо истеъдоди баланд аз иҷрои ҳамаи нақшҳо барояд. Ҳунарманди маъруф Дориюш Муаддабиён тавассути ин афсона то чӣ андоза муҳим будани дарёфти шахсияти худ дар зиндагиро ба кӯдакон омӯхт, ки кӯдакону наврасон низ онро бо хушнудӣ ва шавқу рағбати беандоза қабул карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram