РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашум номнавис мегарданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, 3 ноябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора аз Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 3 ноябр, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ  доир мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябр аз соати 09.00  то 17.00 ва  3 ноябр  аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 221-98-35 ва 223-12-47.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram