РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Деваштич бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

28 октябри соли равон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич  ба истифода дода шуд.

Сохтмони иншооти мазкур дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифта шуда, иншоот ба нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардидааст. Он аз бинои таълимии 2-ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи дуюми он ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар ҷойгир гардидааст.

Муассисаи пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, 13 адад компютер ва 2 адад принтер таъмин карда шудааст. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимии мазкур 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 нафар омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.

Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода зимни ифтитоҳи иншоот суханронӣ намуда, баистифодадиҳии чунин бинои наву замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram