РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо вазири кишоварзии Озарбойҷон мулқот намуд

31 октябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Маҷнун Мамедов сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, омӯзиш ва табодули таҷриба дар рақамикунонии соҳа ва гузаронидани ҷаласаи дуюми гуруҳҳои кории вазоратҳо таъкид карданд. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram