РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» ҷамъбаст шуд

31 октябри соли 2023 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гулчини барномаи фарҳангӣ ва маросими мукофотсупории Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар ибтидо, муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф иштирокдоронро бо ин муваффақият шодбош гуфта, вобаста ба ҳадафу мароми Ҳукумати мамлакат доир ба рушди соҳаи фарҳанг ва тартиби баргузории фестивал ибрози назар намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» иҷрои самараноки банди 15 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва банди 14 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 буда, ба ин васила рушди фаъолияти ансамблҳои тарона ва рақс, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблҳо дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, завқи зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни онҳо ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи фарҳанг дар маҳал мебошад.

Барномаи Фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои тарона ва рақсро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, Истиқлолу озодӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро фаро мегирад.

Фестивал аз рӯйи бахшҳои рақси яккаи занона, рақси яккаи мардона, рақси дуэт, рақси гурӯҳӣ, суруди якка, суруди умумӣ, сюитаи рақсию овозӣ, суруди анъанавии шашмақому фалак, нақшу мавригӣ, лалаику даргилик ва ғайра сурат мегирад.

Дар ин рӯз ансамблҳои тарона ва рақси “Саодат” аз ноҳияи Ашт, “Зарафшон” аз шаҳри Панҷакент, “Зафар” аз ноҳияи Зафаробод, “Ғунча” аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Илҳом” аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Садбарг” аз ноҳияи Данғара, “Гулдаста” аз шаҳри Хоруғ, “Мавҷҳои Шохдара” аз ноҳияи Роштқалъа, “Гулҳои Дарвоз” аз ноҳияи Дарвоз ва “Мавҷи Роғун” аз шаҳри Роғун аз рӯйи бахшҳои пешниҳодшуда ҳунарнамоӣ карданд.

Дар охир, аз ҷониби сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода ба иштирокдорони фестивал диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram