РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон мулоқот намуд

1 ноябри соли 2023 дар Ашхобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфта шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонид.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи вежа ба татбиқи амалии тавофуқоте, ки зимни сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон баҳори солӣ ҷорӣ ҳосил шуд, зоҳир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram