РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати тандурустӣ: Корвони саломатӣ ба шаҳру навоҳии Бадахшон сафарбар карда шуд

7 — уми ноябри соли равон бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони саломатӣ иборат аз 46 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон сафарбар карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гурӯҳи корӣ бо раҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва мутахассисони тамоми бахшҳо дар назар аст, ки ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то санаи 11 уми ноябр хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ ба роҳ мемонанд. Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram