РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вохӯрии соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

8 ноябри соли 2023 дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон вохурии “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бояд кайд намуд, ки дар вохӯрии мазкур беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб дар панелҳои алоҳида аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрии мазкур байни субъектони бахши хусусии ду давлат як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram