РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Ҳамсафони Пешвои миллатем”. Зери чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ форуми ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамсафони Пешвои миллатем” форуми ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар кори форум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Парвиз, намояндагони сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон, кормандони касбу кори гуногун, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар форум нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим баромад намуда, кулли иштирокчиёнро ба ифтихори 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош намуд.

Зимнан иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш роҷеъ ба нақш ва мақоми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати навини тоҷикон ва мақоми сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ баромад намуданд.

Қайд гардид, ки воқеан ҳам яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи ин миллат нақши барҷастае дорад.

Аз ҷумла, таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи тақдирсоз як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram