РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

facebook
Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram