Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалии “Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ” бахшида ба 75-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳи мазкур бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар, ҳайати устодони собиқадор, омўзгорону донишҷўён ва муҳаққиқини донишгоҳ баргузор гардид.
Қабл аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон аз намоиши оростаи донишгоҳ, ки аз дастовардњои илмию таълимї ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳ иборат буд, боздид намуданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Баъдан тариқи телевизиони саҳнавӣ филми таърихие, ки фарогири дастовардњои илмию таълимї ва истењсолии донишгоњ, саҳми Пешвои муаззами миллат дар рушди донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолии кишвар, инчунин, хотироти неки роњбарияти донишгоњ, устодони соњибмактаб ва хотирањои неки ҳамкорони хориҷӣ буд, намоиш дода шуд.
Ибтидо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки “Донишгоњи миллии Тољикистон тули фаъолияти пурсамари баҳри рушди ҳаёти сиёсӣ, илмию адабӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар наќши бориз гузоштааст. Дар ин росто месазад иқтибосе аз суханронии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овард, ки чунин таъкид намудаанд: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд». Воқеан, ин сухани пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як давраи муайяни таърихӣ, яъне тули фаъолияти пурарзиш, тавонист худро на танҳо ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии пешбар нишон диҳад, балки ба бузургтарин боргоҳи илму маърифати омодасозии мутахассисони баландихтисоси иқтисодиёти кишвар ва маркази бонуфузи илмӣ-таҳқиқотӣ табдил ёбад”.
Баъдан роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатию илмӣ- таълимӣ, аз ҷумла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Насриддинзода Э.С., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Р.Ҳ., Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Н.С., Президенти Академияи миллии илмҳои ТоҷикистонРаҳимӣ Ф., Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода М.С., директори иҷроияи Фонди «Русский мир» Кочин В.В., академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода М.С., муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белорус Давидов М.В., муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ ва таҳсилоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н. Толстой, муҳтарам Фомичева Ж.Е., муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии техникии Белорус Николайчик Ю.А., сафири Белорус дар Душанбе Денисенко В.А., сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вирадж Сингх суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, тариқи маҷозӣ суханронӣ ва табрикотии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, муҳтарам Садовничий В.А., ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус, муҳтарам Харитончик С.В., ректори Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, муҳтарам Маҷидов И. У., ректори Донишгоҳи миллии АвруОсиёи ба номи Л.Н. Гумелёв, муҳтарам Сидиқов Е.Б. ва ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзиян, муҳтарам Вуманом Ҷоном Айли шунида шуд…
Ҳамзамон бо ин, бо дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмию амалї дар се бахш роҳандозӣ гардидааст: ”Ҳолати кунуӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ”, “Ҷанбаҳои рушди илмҳои иқтисодӣ: назария, методология, амалия” ва “Масоили мубрами илмҳои гуманитарӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ”.
Дар ҷараёни конференсия гуфта шуд, ки тули солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф навгониҳои зиёд роҳандозӣ шудаву мешаванд. Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои зиёде доир ба соҳаи маориф, ғайр аз ин мушкилот ва роҳҳои беҳдошт зикр мегарданд. Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба мақому мавқеи илм дар рушди ҷомеаву давлат муҳим буда, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникиву технологӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар дошта бошанд. Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андеша шавад. Зикр шуд, ки дар амалӣ гардидани ин таъкидҳо саҳми бисёрҳазорнафараи ДМТ назаррас буд ва дар оянда низ чашмрас хоҳад монд.
Кисмати ифтитоҳии Ҳамоиши байналмилалии илмию амалии “Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ” бахшида ба 75-умин солгарди таъсисёбии Донишгоњи миллии Тоҷикистон бо таманиёти неки Ректори донишгоҳ ва бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.