РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъйиноти махсус табдил дода мешавад

Бо назардошти шароиту имконияти имрӯза, дастур дода мешавад, ки қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъйиноти махсус табдил дода шавад. Чунин иброз доштанд имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво ҳамзамон метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода намоянд. Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ шудааст. Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ мутобиқ ба талаботи замон ҷиҳати адои хизмати Модар-Ватан шароит фароҳам оварда шудааст. Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб шуда, буду боши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram