Дар арафаи таҷлили Иди касбии кормандони милитсия сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ва Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуда, онҳоро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфтанд.
Командири қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Бохтар Раҳматшозода Алиҷон Маҳмадшо меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад.
Ҳамзамон сардори раёсати мазкур бо кормандони ДТММ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мулоқот намуда, аз хизматҳои арзандаи онҳо баҳри сулҳу амнияти кишвар ва ҷоннисориҳои ҷавонмардони шуҷоъ ёдовар гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта мешавад.
Дар ин санаи фархунда барои хизмати садоқатмандона ва фаъолияти хуби корӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуда, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои ҷамъомадагон барномаи рангини консертиро манзур намуданд.