РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи кормандони милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

10 ноябри соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ​ бахшида ба Рўзи ​ кормандони милитсия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Ҷамъомади идона бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ кормандони милитсияро бо​ иди касбиашон​ табрик гуфта, дар фаъолияти пуршарафи хизмати Модар — Ватан барори кору муваффақият таманно кард.
Қайд карда шуд, ки расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи рушди милитсияи тоҷик давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.
Кормандони мақомоти милитсия аз рўзҳои аввали фаъолияти худ то имрўз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.
Таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад.​ Зеро онҳо дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрўи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон карданд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад.
Бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷонашонро нисор кардаанд.
Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,​ Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он мустаҳкам гардида, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ таъмин карда шудааст.
Ҳамасола таҷлил шудани Рўзи кормандони милитсия низ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, кормандони мақомоти корҳои дохилиро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоянд.
Дар идомаи дастгириҳои давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани обрўву эътибори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони пешқадами мақомоти корҳои дохилӣ Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуда, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram