РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи умумии Сессияи комиссияи Иқтисодии Аврупои СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

7 ноябр дар меҳмонхонаи «Хайят Редженси» Ҷаласаи Умумӣ бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалии СММ, инчунин кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Имрӯзҳо Кумита барои беҳтар намудани фаъолияти экологии худ фаъолона кор карда истодааст ва баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ менамояд. Тоҷикистон аввалин кишварест, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад.

Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад. Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба кишварҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат менамояд; мубодилаи иттилоотро байни кишварҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд; ба интегратсияи сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат мекунад; масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ташвиқ мекунад.

Баррасии шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро барои наслҳои оянда таъкид менамояд.

Тоҷикистон аз дастовардҳои худ дар соҳаи экологӣ ифтихор дорад ва талошҳои худро барои ба даст овардани муваффақиятҳои боз ҳам бузургтар идома хоҳад дод.



Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram