РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар минтақаҳои дурдаст барои пардохтҳои ғайринақдӣ интернети ройгон пешниҳод мешавад

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 таҳти рақами №586 “Дар бораи Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” барои ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, оммавӣ гардидани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми пардохти молу хизматрасонӣ ба вусъати ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии мамлакат мусоидат мекунад. Гузашта аз ин дар иқтисодиёт ҷараёнҳои молиявӣ шаффоф гардида, ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ қоҳиш меёбад ва боиси зиёдшавии воридоти маблағҳои андоз мегардад.

Дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ медиҳад. Аз ин хотир, Хадамоти алоқа дар баробари дигар сохторҳо талошҳои доимии худро дар заминаи таъмини сартосарии интернет дар кишвар ва дастрасу мусоид гардонидани хизматрасониҳои инетрнетӣ, идома медиҳад.

Бо ин мақсад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023 таҳти рақами №586 “Дар бораи Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии Интернетро ройгон пешниҳод мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram