13 ноябр соати 10:00 соли 2023 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо роҳбари навтаъйини Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Иброҳим Этхем мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии байни ду кишвар баррасӣ гардиданд.