Дар ояндаи наздик пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад, ки барои кишвари мо дар соҳаи алоқа аз аҳамияти муҳим бархурдор аст. Дар ин бора аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин амал дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад. Бо мақсади ҳарчи зудтар анҷом додани пайвасти мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин, корҳои корҳои амалӣ босуръат ҷараён дорад.
Манбаъ афзуд, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глабалии Интернет мегардад. Ҳамчунин аҳамият ва потенсиали транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии кишварро боло бурда, бунбасти коммуникатсионии ҷумҳуриро аз байн мебарад.