Аз 20 то 30 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз якунимсола то 5-солаи аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» хабар доданд.
Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.
Бо ин мақсад 20 ноябр дар «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ҳамоиш доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.