20 нафар кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла 4 нафар намояндагони вилояти Суғд дар курси омӯзишӣ вобаста ба мавзуи «Даври омӯзишии Семаул барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон», ки рӯзҳои 4-14 ноябр дар Кореяи ҷанубӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Курси омӯзишӣ тибқи шартномаҳои дуҷонибаи давлатӣ бо корбарии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоти «Маркази кореягии Семаул Ундонг» ҷараён гирифта, мавзуи асосии он масъалаҳои рушди деҳот ва омӯзиши таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳот мебошад.
Исматҷон Ҷумъаев, сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва яке аз иштирокдорони ин сафар изҳор дошт, ки фонди Семаул ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи таъсиси он пешбурди соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ аст ва шунавандагони курси омӯзишӣ аз таҷрибаи ин давлати пешрафта дар рушди деҳот огоҳ гардиданд.
Мутахассисон ҳамзамон аз як қатор корхонаҳои пешрафтаи давлати Корея, аз ҷумла «Самсунг» боздид карда, бо фаъолияти онҳо ва саҳми саноат дар рушди иқтисодиёти ин давлат маълумот гирифтанд.