РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023» муаррифӣ шуд

20 ноябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмалилаии сайёҳии ифтитоҳи расмии «QTM-2023» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳи мазкур, ки то 22 ноябр идома меёбад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои саёҳии ватанӣ иштирок намуда истодаанд.

Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводди таблиғотии марбут ба мавзеҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва инчунин дастовардҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби бахшҳои асосии соҳаи гардишгарӣ дар кишварамон ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон, дар Намоишгоҳ роликҳои таблиғотиву ташиқотӣ оид ба намудҳои сайёҳии мухталиф, аз ҷумла сайёҳии куҳнавардӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳаргӣ ва экологӣ ба маърази тамошои меҳмонони намоишгоҳ гузошта шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram