РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи телевизион ва радио маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

22-юми ноябр ба муносибати Рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият, муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон   24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи  16-уми  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қабул карда шудааст, ки дар таҳия ва қабули он  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми декабри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.  Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Ватани соҳибистиқлоли мо аз соли 2009 ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукўҳу тантана таҷлил карда мешавад.

Сипас, академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ дар бораи таърихи парчамдории тоҷикон маъруза намуда, қайд кард, ки тоҷикон яке аз поягузорони тамаддуни башаранд ва давоми ҳазорсолаҳо даҳҳо давлати бузургу тавоноро барпо кардаанд. Онҳо дорои пойтахтҳои бошукўҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заррину симин ва сипоҳи тавоно буданд. Миллати тоҷик аз қадим ба парчами худ эҳтироми хосса дошт ва онро бо дурру гавҳар меорост. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи куҳани «дирафш» дар силсилагуфторҳои бостонии он акс ёфтааст.

Дар идомаи маҷлис устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Ҷамолиддин Шарифов баромад намуда, доир ба парчамдории тоҷикон аз замони Сомониён то расидан ба Истиқлоли давлатӣ, таъкид намуд, ки  парчамдории миллати тоҷик таърихи басо куҳан дошта, ин падида аз  қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

Дар фарҷоми маҷлис маърузачиён ба саволҳои хабарнигорон оид ба баъзе паҳлуҳои мавзуъ посух гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram