19 ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории сафир дар вилояти Мерсин рӯзҳои Конститутсия, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони муқим баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни суханронии худ сафир оид ба аҳамияти таҷлили ин ҷашнҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият сухан гуфта, инчунин оиди нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, субот ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.