РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид

22  ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон!» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик, ки аз давраи қадим соҳиби давлату парчам буд, сухан гуфт.

Иброз гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳмату кӯшишҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нави давлатӣ қабул шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш аз ашъори шоирони муосири Бадахшон- устод Ширин Бунёд ва Хушомади Алидод шеърҳо бахшида ба Парчам қироат намуданд.

Инчунин  дар мавзуъҳои «Парчам- рамзи соҳибистиқлолӣ» ва «Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза пешниҳод гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram