РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ доир шуд

Дар маркази шаҳри Роғун ба  муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ  ҳамоиш ва роҳпаймоии идона баргузор гардид,  ки дар он роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону донишҷӯён  фаъолона иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш  тазаккур дода шуд, ки Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни мамлакат рукни муқаддаси миллӣ ва ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди ба даст овардани истиқлолият  соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки он яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад. Парчам барои шаҳрвандони ҳар  давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан- ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассуми  симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Дар роҳпаймоӣ иброз гардид, ки арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ- ин эҳтиром намудани Ватану модари худ буда, он, пеш аз ҳама, муаррифи нангу номус, шарафу иқбол ва номи бузурги давлату миллат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram