РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ: АЗ ГУЗАШТА ТО ИМРЎЗ

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Моҳияти асосии парчам муттаҳид намудани мардум барои мақсади ягона буда, ҳидоят ба қаҳрамонию сарсупурдагӣ баҳри озодию соҳибистиқлолӣ мебошад. Ниёгони мо аз азал зери парчами хеш саф кашида, пайи ободию озодӣ, ҳимояву пойдории миллату забон ва фарҳанги пурғановати хеш мубориза бурдаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи он аст, ки ориёнажодон, чун Куруши Кабиру Коваи оҳангар, Деваштич, Спитамену Муқаннаъ ва дигарон таҳти парчами хеш чун рамзи ватандорию худогоҳӣ баҳри озодию ободӣ ва ҷовидонии Ватан сар супурдаанд.

Тоҷикон яке аз поягузорони тамаддуни башаранд ва давоми ҳазорсолаҳо даҳҳо давлати бузургу тавоноро барпо кардаанд. Онҳо дорои пойтахтҳои бошукўҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заррину симин ва сипоҳи тавоно буданд.

Миллати тоҷик аз қадим ба парчами худ эҳтироми хосса дошт ва онро бо дурру гавҳар меорост. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи куҳани «дурафш» ё «дирафш» дар силсилагуфторҳои бостонии он акс ёфтааст.

Мафҳуми “парчам” вожаи суғдӣ (parčam) аст, ба маънии “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пўпаки абрешимӣ, мўй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд”. Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ ва дигар забонҳо роҳ ёфт.

Дар осори гузаштаи тоҷикон аз арҷгузорӣ ба “Дирафши коваёнӣ” суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Аз ҷумла, дар “Авасто” чунин матнҳое ҷой доранд: “Фурўҳарҳои некутавони поку муқаддасро меситоям, ки лашкари бешумор биороянд ва силоҳи ба камар баста бо дирафшҳои барафроштаи дурахшон”.

Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки “Дирафши коваёнӣ” аз пўсти шер буд ва подшоҳон онро ба зевар биёростанд ва зару симу гавҳар бар он пўшонданд. Онро ахтари коваёнӣ низ меномиданд”.

Ҳаким Фирдавсӣ таърихи “Дирафши коваён”-ро бо назардошти нахустин шоҳаншоҳии ориёитаборон 6600 сол (дар замони пешдодиёну каёниён) донистааст.

Дар «Шоҳнома» Коваи оҳангар — рамзи оташ, равшанӣ, хайру некӣ ва далериву меҳанпарастии ориёиён бо чарми (пешдомани) дар нўги найза баста, бар зидди Заҳҳоки морон, ки рамзи Аҳриман — бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, баромад:

Ҳама бархурўшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сўи дод хонд.

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипўшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Кова бо мардуми шўрида Заҳҳоки моронро аз тахти заррини давлати худ сарнагун сохт ва мулки орёиро озоду аз нав хуррам намуд. Шоҳ Фаридун, ки аз авлоди Ҳушангу Таҳмурас буд, чун ба тахти Орёнзамин нишаст ва тоҷи зарринро бар сар гузошт, парчами размандагонро муқаддас шумурд ва бо зару ҷавоҳирот оросту «Дурафши коваёнӣ», яъне парчами Кова хонд.

Аммо аввалин тасвири парчами сипоҳи Орён, суғдиён, бохтариён дар деворнигораи шаҳри Помпеи Рум, асрҳои II-I то милод кашида шудааст, дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишҳо, зери сарварии Дорои охирин, бо лашкари Искандар дар соли 333-и милодӣ акс ёфтааст.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрўзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрўзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии мамлакат, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз устувор шудааст, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар иҷлосия баробари ҳалли масоили истиқрори сулҳ, афви иштирокдорони даргириҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушаххас намудани самтҳои рушди мамлакат 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, ин иҷлосияи таърихӣ, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идораи давлат ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён нишон дод, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ — Парчами мамлакат оғоз ёфта, роҳбарияти олии он нияти неки зери ин Парчам муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистонро дорад.

Ниҳоят, баъди ба эътидол ома­дани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декаб­ри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тибқи он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки дар он тартиби афрохтани Парчам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Қонуни мазкур 12 майи соли 2007 қабул шуд.

Ҳамзамон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуданд, ки тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” тағйирот ворид гардида, 24 ноябр ҳамчун рўзи ид эълон гашт. Қонуни мазкур 19 ноябри соли 2009 қабул ва 24 ноябр — Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дўст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби ин диёри куҳанбунёд аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад. Парчам пайванди дирўзу имрўз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рўзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, фармудаанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсаб­зиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Дар баробари ин, парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери он кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шарҳвандон савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба Ватану савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад. Ҳамин арҷгузорӣ аст, ки соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами миллӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавиаш “Майдони Парчам” номгузорӣ шуд. Яъне, 30 августи соли 2011 рўйдоди хеле муҳимму фараҳбахш — барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 — метр ба вуқўъ пайваст ва он дар «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид.

Ҳамчунин, бо пайравӣ аз ибтикороти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парчампояҳо бунёд гардиданд, ки барои зебо намудани мавзеъҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии сокинон мусоидат мекунанд.

Рўзи Парчами миллиро мардуми Тоҷикистон ҳамасола дар фазои сулҳу ваҳдати комил ҷашн мегиранд ва дар ҳақиқат Парчами миллӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,

докторанти Ph.D-и кафедраи матбуоти

факултети журналистикаи ДМТ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram