РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Омӯзгорони Тоҷикистон ва Беларус табодули таҷриба менамоянд

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаомӯзии навбатии устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Ҷумҳурии Беларус оғоз шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Ин навбат декани факултети таърих ва ҳуқуқ Давлатхон Назарзода, декани факултети математика Умар Зеваршозода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба қарор доранд.

Дар асоси нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон омӯзгорону деканони факултетҳо давра ба давра дар донишгоҳҳои олии хориҷи мамлакат табодули таҷриба менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садроиддин Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram