РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Брюссел даври дуюми музокироти Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба СШҲТ баргузор гардид

28 ноябри соли 2023 дар Брюссел даври дуюми музокироти гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта барпо гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласаҳои мазкур масъулини вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок карда, роҷеъ ба муҳтавои санади нав мубодилаи афкор намуданд.

Гуфтушунидҳо дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram