Аз 25 то 27 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хабар доданд.
Зимни имтиҳонҳои қабул Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигарон иштирок намуданд.
Имтиҳони қабули довталабон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» тариқи иншо, тест ва суҳбат оид ба малакаи касбии онҳо гузаронида шуда, аз ҷониби комиссияи салоҳиятнок ба он баҳо гузошта шуд.
Бояд иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»- омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.
Ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.
Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратура малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Академия бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, шинос гардид.
Зимни шиносоӣ бо институт шароиту имконоти ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои илмӣ матраҳ гардида, ҳавасмандии ду ҷониб ба тавсеаи бештари ҳамкории илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ иброз гардид.