3 декабри соли 2023 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона XIV-умин бозори байналмилалии хайриявии ASA бо ҳузури 47 кишвар ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоыикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Дар чорабинии зикршуда тамоми кишварҳои хориҷӣ маҳсулотҳои истеҳсоли ватании худро ба фуруш гузошта, маблағи онро ба хона-интернат ва ятимхонаҳо интиқол доданд.
Дар ин чорабинии хайриявӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Остона, диаспораҳои тоҷик ширкат намуда, ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ аз қабили ширкати қаннодии ҶДММ «Ширин», корхонаи истеҳсоли об ва маҳсулоти машруботии «Сиёма», ширкати «Асрори санг» асбобҳои мусиқӣ, саноии дастӣ, донагию мева, ғизоҳои миллӣ ва либосҳои тарроҳони шинохташудаи тоҷикро зери нишони «Бренди миллии Тоҷикистон» бо сабки вежа ороиш доданд.
Дар чорабинии мазкур диаспораи тоҷикони муқими Ҷумҳурии Қазоқистон низ фаъолона иштирок намуданд. Бояд гуфт ки ба гушаи Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ, ки зиёда аз 10000 нафар буданд писанд омада, ҷиҳати харидории он мароқи зиёд карданд.