Имрӯз, 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни бошгоҳҳои «Истиқлол» -и Тоҷикистон ва «Ал-Наср» -и Арабистони Саудӣ доир шуд.
Вохӯрӣ дар ҳузури 17 750 нафар мухлис баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид.
Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм бо як зарбаи зебои хеш ҳисобро дар вохӯрӣ боз кард. Абдулраҳмон Ғариб дар дақиқаи 50-ум аз ҳайати «Ал-Наср» гол зада, ҳисобро баробар намуд. Пас аз бозӣ Алишер Ҷалилов аз ҳайати «Истиқлол » беҳтарин бозигари ин вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар ҳайати дастаи «Ал-Наср» — Садио Мане, Эмерик Лапорт ва Фофана ба майдон набаромаданд. Ҳамчунин, ситораи асосии даста Криштиану Роналду дар ин бозӣ ба «Ал-Наср» кӯмак карда натавонист ва барои бозӣ ба Душанбе наомад.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими «Персеполис » дар ҳузури 65 000 нафар мухлис аз тими «Ал-Дуҳайл » бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, имкони аз гурӯҳ баромаданро ба даври баъдӣ аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 14 имтиёз дар мақоми аввал аст ва роҳхати даври плей-оффро соҳиб шудааст. “Персеполис” бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Истиқлол” бо се имтиёз дар зинаи охир ва “Ал-Дуҳайл” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм аст.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи мазкур «Ал-Наср» ба даври ҳазфӣ роҳ ёфту, мусобиқа барои «Персеполис», «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» анҷом ёфт.