РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии Йорк Шуграфро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки он ба тақвияти муносибатҳои ду давлат мусоидат менамояд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ ва рушди рӯзафзуни онро давоми беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ бйни ду давлат таъкид намуданд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо ҷониби Олмон дар пешбурди шарикӣ ва саҳмгузорӣ баҳри рушди босубот изҳори қаноатмандӣ намуда шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram