РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо Президенти Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф вохӯрӣ кард

5 декабри соли 2023 дар шаҳри Занзибари Танзания дар ҳошияи дуюмин ҷаласаи Шӯрои директорони Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Президенти Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф ҷаноби Ҷакая Киквете вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, махсусан, рушди ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзои фаъоли Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи дуюми Шӯрои директорони Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф, ки дар кори он вазирони маориф ва намояндагони кишварҳои шарик ширкат доранд, масъалаҳои эълон гардидани соли 2024 — соли маориф дар Иттиҳоди Африқо, дастрасӣ ба таҳсил барои гурезагон ва маблағгузории лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шӯро вазири маориф ва илм бо намояндагони кишварҳову созмонҳои гуногун вохӯриҳои судманд анҷом дода истодааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram