РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Бӯстон 28-умин солгарди таъсисёбии воҳиди таъиноти махсуси милитсия таҷлил шуд

5 декабри соли 2023 дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода ширкат намуданд.

Нахуст сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов хизматчиёни далеру ҷасури Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо 28-умин солгарди таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсус таҳният гуфт.

Номбурда оид ба дастгирии давлатии соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, аз фароҳам гардидани шароити мусоиди кору хизмат ба ҳар як фарди хештаншиносу худогоҳи Воҳидҳои таъиноти махсус таъкид намуд.

Мавсуф аз раванди саҳмгузории хизматчиёни баору нанги Воҳидҳои таъиноти махсус, саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои террористӣ ва таъмини оромиву суботи ҷомеа ҳарф зад. Гуфта шуд, ки ҳар як родмардони далеру шуҷои Ватан — хизматчиёни Дастаи таъиноти махсуси милитсия нафароне ҳастанд, ки дар ҳақиқат Ватан-Модар барояшон муқаддас ва ҳифзи амнияти сарзамин шиори зиндагиашон аст.

Агар ба таърихи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия назар афканем маълум мегардад, ки ин ниҳоди баландпоя 28 сол муқаддам, яъне 5-уми декабри соли 1995 дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram