РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хуҷанд бинои нави “Амонатбонк” ифтитоҳ гардид

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру навсозӣ бинои филиали № 23- и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» хабар доданд.

Дар маросми ба истифода додани бино Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, роҳбарияти бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намояндагони ташкилотҳои қарзию молиявии вилоят иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки бинои мазкур дар гузашта ба ҶСК “Агроинвестбонк” тааллуқ дошт ва солҳои охир бо сабаби истифода нашудан куҳнаю фарсуда гардида буд. Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”» иншоотро харидорӣ ва мутобиқ ба талаботу меъёрҳои замони имрӯз таъмиру навсозӣ намуд.

Корҳои таъмиру навсозӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд иҷро гардид ва дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, аз ин пас хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.

Бинои нави филиал масоҳаташ бештар аз 3 ҳазор метри мурббаъ буда, дорои қариб 40 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толори маҷлис бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки шароти мукаммал, аз ҷумла бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, таъмини ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ дар раванди беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонӣ нашқши калидӣ дорад ва бо ин назардошт Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram