РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири кишоварзӣ бо Сафири Фавқулода ва мухтори Олмон мулоқот кард

6 декабри соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо, аз ҷумла дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироатҳо, пешгирии обшавии пиряхҳо, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам, рақамикунонии соҳа, воридоти технологияи нав, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram