7 декабри соли 2023 дар дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ вохӯрии раиси Кумита муҳтарам Муминзод Камолиддин бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии дуҷониб ва омӯзиши таҷрибаи Фаронса ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.
Раиси Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, соддагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон ташрифоварда бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд.
Ҳамзамон, масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Фаронса оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду кишвар баррасӣ гардид.